Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан-М-ям афтад, — гуфто МОҲ, —
Аз ман монад танҳо ... ОҲ!
Вай бо як Й МОҲӢ шуд,
Сӯйи дарё роҳӣ шуд.
АФТОДАНИ АЛИФБО
(Илҳом аз Ю. Тувим)
Ё тавба! Э, чӣ гап шуд?
Э, ин чӣ доду фарёд?
Нохост як Алифбо
Аз рӯи токҷа афтод!
Ҳар сӯ фитода ҳарфе,
Бечораю бачора:
Г дида андак осеб,
Ж гашта пора-пора!
Ю ногувор монда:
Зарринкамар куҷо шуд?
Ваҳ, Ҷ-и зормонда
Аз думчааш ҷудо шуд!
Ду лунҷи Ф варам кард,
О, ин чӣ бедавой!
Б-ро лапар парида,
Я-ро на сар, на пое!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё