Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
МАҲБУБА НЕЪМАТЗОДА
Маҳбуба Неъматзода 7 феврали соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Шӯъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ аслан барои бачаҳо асар эҷод менамояд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Борони баҳорӣ» (1980) ба хонандагони хурдсол манзур гардидааст. Китобҳои шеъру ҳикоя ва афсонаҳояш «Духтари заргар» (1990), «Меҳрубон» (1997), «Таваллудат муборак» (1998), «Бонуи бобо» (2000), «Гиря кунам ё ки на» (2006), «Модари ҷон, модарам» (2012), «Боғи шамол» (2013) аз тарафи наврасону ҷавонон хуб пазируфта шудаанд.
Аз соли 1978 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё