Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шишта наметавонад?
Гашта наметавонад?
Гапро чаро нафаҳмад?
«Ҳап!»-ро чаро нафаҳмад?
Осудагӣ надорад?
Гаҳворааш нафорад?
Вай хандаро надонад?
Аз гиряаш намонад?
Модар, биё, бурораш!
Баргашта бар, супораш!
Гирёнакаш чӣ даркор?
Додарҷаи дигар ор!
Модар биёрад ӯро,
Наздам бидорад ӯро:
— Ин тур нагӯ, писарҷон!
Бингар ба ӯ, писарҷон:
Эй хуш ба ҷону ҳолаш!
Чун холи туст холаш!
Ҳамранги рӯю мӯят!
Ҳамсанги феълу хӯят!
Будӣ худат на кӯдак,
Будӣ чу як Нахӯдак!
Акнун шудӣ дигар ту,
Будӣ аз ин батар ту!..
Аз шарм лаб бибандам,
Гирям ва ё бихандам?
Шояд чун ӯ набудам?
Пас ман чӣ гуна будам?

пешина
аз 184
навбатӣ