Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

АдабиётКӯдакон
Аз аввал хондан

МУСИЧА ВА РӮБОҲ
(Достон)

Дар лаби дарёчаи софу кабуд,
Боғчае сабзу пур аз мева буд.
Тозаниҳолони вай оварда бор,-
Олую зардолую себу анор.
Дар тарафи дигари ин боғи мо,
Ҳавзчае буд аҷаб хушнамо.
Дар лаби он ҳавз Чиноре калон,
Буд пур аз лонаи паррандагон.
Мусичаи нағзакаке ҳар баҳор,
Хонача месохт ба шохи чинор.
Лек намешуд аламу дарду ғам,
Аз дили он мусича як зарра кам:
Баччаяконаш чу калон мешуданд,
Дар талаби донаву дон мешуданд.
Рӯбаҳи маккору бе нангу ор,
Омада чаққон ба таги ин чинор
Баччаи мусича талаб менамуд,
Рӯз ба мусича чу шаб менамуд...
...Зоғчаи токае аз як канор,
Омада биншаст ба шохи чинор.
Дид, ки мусича дилаш пур зи ғам,
Гирякунон сар ба замин карда хам.
Гуфт ба ӯ зоғча: «Эй ҷӯраҷон,
Дарди дилатро ту ба ман кун баён!
Аз чӣ сияҳ гашта, бигӯ, рӯзи ту?
Баҳри чӣ ин гиряи дилсӯзи ту?

пешина
аз 184
навбатӣ