Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Гӯй ба ман, як ба як, ин дарду ғам
Гар битвонам ба ту ёрӣ диҳам»!
Мусича афшонд пару боли худ.
Гуфт ба ӯ дарди дилу ҳоли худ.
Зоғча хандид ба ин кори ӯ.
Гуфт: «Ту паррандаи нодон будӣ,
Содатарин аз ҳама мурғон будӣ.
Рӯбаҳи маккор надонидӣ магар,
Ҳеҷ надорад ба танаш болу пар?
Вай натавонад, ки ба боло парад,
Ҳилла кунад, бачаяқонат барад.
Гар ки биёяд ба таги ин чинор,
Гар ки ба ту дӯғ занад бешумор,
Ҳеҷ надеҳ бачаяқонат дигар,
Гӯй, ки: «Рав рӯбаҳаки ҳиллагар»!
Рӯбаҳи маккор биёмад давон,
Додзанон пеши чинори калон.
Гуфт: «Канӣ мусича, шуд вақт дер,
Ризки маро зуд бипарто ба зер!
Ё ки бароям, сарат аз тан канам?
Ҷою маконат ҳама оташ занам?!
Мусича мардона зи шохи чинор,
Гуфт: «Бирав, муфтхӯри нобакор!
Макру фиреби ту ба ман шуд аён,
Ман ба ту дигар надиҳам бачагон»!
Рӯбаҳи маккор чу ин гап шунид,
Телбаву ҳайрон шуду ҳар сӯ давид.
Дид, ки аз ҳиллаи он ҳиллагар,
Мусича парво нанамояд дигар...

пешина
аз 184
навбатӣ