Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
ЗУЛФИЯ АТОЙ
Зулфия Атой (Атоуллоева Зулфия) 15-уми июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дабистони деҳаи мазкурро хатм карда, соли 1970 ба факултаи забон ва адабиёти Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба шаҳри Маскав рафт ва дар бахши назми Институти адабиёти ба номи М.Горкий таҳсилро оғоз намуд. Соли 1977 баъди хатми Институти адабӣ ба шаҳри Душанбе омада дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» фаъолият кардааст. Ӯ аз соли 1993 то ба нафақа баромадан сардабири Муассисаи давлатии маҷаллаи бонувон «Фирӯза» буд.
Шеърҳои Зулфия Атой ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва ғайраҳо тарҷума гашта, дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои мух-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё