Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданСАБРИН
Қанду асалак Сабрин,
Шӯру мағалак Сабрин.
Пар-пар зада мерақсад,
Боли шапалак Сабрин.
Аз раддаи дандонаш,
Хушрӯ гули домонаш.
Аз ҳалқаи гӯши ӯ,
Аз оташи марҷонаш.
Аз хандаи дилҷӯяш,
Ду лолаяки рӯяш.
Аз атри хуши кокул,
Ду чашмаки олуяш.
Шармида баҳор ояд,
Нозида баҳор ояд.
Дар кӯчаву дар хона
Сад гул ба нисор ояд.
Бо мост, баҳор ояд,
Ҳарҷост, баҳор ояд!
Он ҷо, ки қадам монад,
Аз рост, баҳор ояд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё