Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

МУҲАММАД ҒОИБ

Муҳаммад Ғоиб 16 марти соли 1954 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1972 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, соли 1977 факултети риёзиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои манзуму мансури «Турнаҳо» (1980), «Роҳи деҳа» (1981), «Меҳргиёҳ» (1985), «Хирмани моҳ» (1989) ва ғ. мебошад, ки бо сабки хосу нотакрор ба қалам омада, дар қатори устодони шеъри муосири тоҷикӣ қарораш додаанд.

Муҳаммад Ғоиб ба адабиёти бачагона диққати махсус дода, маҷмӯаҳои «Тӯти дара» (1984), «Савғо» (1990), «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ» ва ғ. ро тақдими кӯдакону наврасон доштааст.

Шоири халқии Тоҷикистон (2001), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), дорандаи ордени «Шараф».

Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

пешина
аз 184
навбатӣ