Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ИФТИХОР

Дорад ин тифл аробаи кӯҳна,
Чӯбу чархаш дурушту пур аз занг.
Мехаш аз чӯб агар бурун гардад,
Ҷо ба ҷояш кунад ба зарби санг.

Гоҳ вайрон аробааш, гаҳ соз,
Дар раҳу пушти борааш бинам.
Дар фарози аробааш дар пушт,
Дар нишебӣ саворааш бинам.

Байни ҳамсолҳои гандумранг
Зардрӯ ҳаст агарчи мисли ҷав,
Заррае хешро намедонад
Камтар аз ҳар аробадори нав.

Гарчи бошад аробааш кӯҳна,
Гарчи ӯ кӯҳнапираҳан дорад,
Лек дорад аробааш парчам,
Нест нодор, ӯ ватан дорад...

пешина
аз 184
навбатӣ