Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданАФСОНАИ НАВ
Ин кӯҳанафсона нест,
Аз мурғи белона нест.
Аз бою камбағал нест,
Аз зиракии кал нест.
Навтарин афсона аст,
Нақлаш дар ҳар хона аст.
Афсонаи Роғун аст,
Қиссаи пурмазмун аст,
Васфи марди ҷасур аст.
Қаҳрамон асту зӯр аст,
Дар булдозер нишастаст,
Роҳи дарёро бастаст.
ТАРС
Метарсад муш аз пишак,
Пишак метарсад аз саг.
Саг тарсад аз гурги бур,
Тарсад гург аз шери зӯр.
Хандида гуфто Набӣ:
«Тарсад бобом аз бибӣ!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё