Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ВАТАНИ НАВРӮЗ

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул-ғулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар,
Рӯи Наврӯз расад аз ҳама дар,
Ҳама дар пираҳани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Ном Наврӯзу насаб Наврӯз аст,
Исми ҳар бахтталаб Наврӯз аст,
Фасли армоншикани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Сабзгун пуштаву саҳрои ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои ватан,
Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Ба муродаш ҳама дилдода расад,
Ба ҳама бахти худодода расад,
Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

пешина
аз 184
навбатӣ