Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданЭЙ БУЛБУЛАКОНИ
БОҒИ ДОНИШ
Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!
Мактаб ҳама ҷо қаноат бикшод,
Он гуна, ки модаре ба фарзанд,
То ин ки шумо зи хотири шод
Чун ҷон ба танаш шавед пайванд.
Чашми падаронаи муаллим
Дар роҳи шумо ҳамеша чор аст,
То бахшадатон самар зи таълим,
Ӯ худ чу дарахти мевадор аст.
Кӯшед, ки дар самои олам
Монанди офтоб бошед,
То бар сари наслҳои одам
Аз фазлу камол нур пошед!
Дарвозаи илму ҷаҳду кӯшиш
Бар рӯйи шумо кушодатар бод!
Аз табъи шумо зуҳури дониш
Бар рӯйи Ватан зиёдатар бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё