Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале қалам надида,
Аз ҷойи худ ҷаҳида

«Қалам куҷо шуд?», - гуфтааст,
«Куҷо баҷо шуд?», - гуфтаст.

Болои катро дидаст,
Зери намадро дидаст.

Ҷустааст болои миз,
Пушти сандукҷаро низ.

Гашта гарангу пакар,
Кофтааст аз дигар

Миёнаи китобаш,
Болои рахти хобаш,

Пешу паси чевонаш,
Мизашу ҷузвдонаш.

Хулоса, то нисфи шаб
Хиратабъу дар ғазаб

Ҳама ҷоро кофтааст,
Валекин наёфтааст.

Канда умед аз қалам,
Гирифтаст андаке дам.

пешина
аз 184
навбатӣ