Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт

РОМАН
ЗАРАФШОН

НИЁЗ – КОНЧӢ
КИТОБИ ЯКУМ
Ба ёди падарам

ҶАРАЁН

Ормон ба қулла расид – ба тори ағбаи Анзоб, ки мисли кўчаи шамолгузар буд. Баробари ба майдончаи сохта ва на чандон кушоди он баромадан боди серуне ба сару рў мезанад, ки кас шишаҳои дари мошинро пўшидан мехоҳад. Аммо барои ў ин чиз аҳамияте пайдо накард ва ё худи ў ба ин чиз аҳамияте надод:
ҳатто ба хонаҳои сафеди паҳлўи чап ва мошинхонаҳои болои роҳ, пояю симҳои обуҳавосанҷӣ, қуллаҳои паси сар, гиёҳҳои сабзу ботароват, яхобҳо ва ағбаи Анзоб эътиборе надод. Вале дар майдончаи сари ағба санҷидани тормузро фаромўш накард... Ў ёд надорад, ки ягон бор ин зайл ағбаро – фарози пурпечутобро душвор баромада бошад; гўё мошин не, худи ў зўр зада баромад; гази мошинро пахш накарда, дилашро фишор дода, тамоми рагу пайро таранг карда баромад; осонакак не, балки тамоми рагу пайро мисли торҳои симтаноб ба ҳам печида, се-чаҳор мошини рўи роҳ аз кор баромадаро паи ҳам пайваста, кашола карда, то сари ағба баровард. Ҳамон қадар бораш гарон буд, ки ҳавои серун ҳам натавонист нафаси гашта ва дар сари сина гиреҳзадаро берун кунад. Бисёр мехост, ки осуда бошад, лекин барояш муяссар намешуд. Хотирашро ҷамъ карда наметавонист. Он тараф нишеб.
Агар саҳле газро зиёдтар пахш кунад, мошин мисли қуттии сабук он сў меғелад. Бо вуҷуди ин қадар парешонӣ Ормон ҳамин чизро ба ҳисоб мегирад; ба ҷои газ помонаки тормузро пахш мекунад.
Ҳоло дар роҳи нишеби Шодмондара ба монанди фарози пурпечи тайкарда чӣ қадар мошинҳои пурбори ҷонашон то гулў омада гамбусксуръат хазида, ҷунбида мебароянд – мошинҳои тахтакаш, хишту сементкаш, коҳу бедакаш. Дар ин тамузи тобистон чӣ қадар мошинҳои обҷўшидаи термостаташон аз кор баромада ва моторашон осебдида, чархҳояшон кафида, тасмаашон канда дар лаби яхобҳо бозмондаанд... Не, андешаи ў дар ин хусус не; дар бораи ба нишебӣ сабук ғелидан ва боз дар ин ҷониби ағба ҳамин зайл мошинҳои пуразобро дидан нест; аз дигар хусус, ки дербоз тарс дошт. Тарси ў аз марги падараш – футур рафтани беху бунёди давлаташ... Ў бо ҳамон суръате, ки фарозро боло шуда буд, нишебро мехамид. Аз миёни яхҳо, барфобаҳо, аз рўи лойҳо. Баъд аз миёни тармаи баланде, ки бурида, мошингузар сохтаанд. Ва то гузаштан

  1. Гараж мўи сари кас тоҷи ҳудҳуд барин боло мешавад.
аз 279
навбатӣ