Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

КАБӮТАРИ СУЛҲ

Комрон бо хоҳараш Муниса дар хона тӯббозӣ мекарданд. Садои онҳо хеле баланд буд. Яке тӯбро гирифта ба хонаи дарун медаромад, дигарӣ аз пушти ӯ медавид.

Модар тифлакаш Имронро дар гаҳвора баста алла мегуфт. Овози баланди ака ва апааш намегузошт, ки тифлро хоб барад.

Модар хоҳиш кард:

— Комронҷон, ту бачаи калонак шудаӣ, бояд ба ман ёрӣ расонӣ. Бо хоҳаракат Муниса ба ҳавлӣ баромада каме бозӣ кунед. Аз садои баланди шумо хоби Имронҷон парид.

Комрон ба сухани модар гӯш дода, аз дасти Муниса гирифту:

— Мунисаҷон, ту хоҳараки гапгири ман ҳастӣ-ку, биё ба ҳавлӣ бароем, — гуфт.

Акаву хоҳар тӯбашонро гирифта ба ҳавлӣ баромаданд. Онҳо хеле тӯббозӣ карданд. Ногоҳ тӯб даруни буттаҳои гашнич, райҳон ва шибит ғелида рафт. Комрон хост тӯбро гирад. Дар ҳамин вақт аз даруни буттаҳо кабӯтари сафеде парида, ба ҷои дигар нишаст.

Комрон чунин парандаи зеборо якумин маротиба медид. Кабӯтар сап-сафед, ягон холе ҳам надошт. Минқораш низ ба дигар парандаҳо монанд набуд, чун лола суп-сурхи ҷилодор буд.

Комрон аз пушти кабӯтар шуд. Кабӯтар баланд парвоз накард, аз ҷое ба ҷое мепариду менишаст.

пешина
аз 184
навбатӣ