Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Маълум буд, ки ягон ҷои баданаш осебе дидааст.

Комрон якчанд маротиба хоҳиши ба даст овардани кабӯтари сафед шуд, аммо бенатиҷа. Ӯ ба ин тарафу он тараф назар карда аз замин як кулӯхи сахтро гирифта тарафи кабӯтар ҳаво дод. Кулӯх ба нишон расид.

Кабӯтар дар пеши пои Муниса омада афтид. Комрон шодӣ карда:

– Дар як задан тирам ба нишон расид. Кулӯх ҳам бошад кабӯтарро сарозер кард, бин чашмонаш пӯшида, ягон ҷои баданаш намеҷунбад – гуфт.

Муниса бошад ба кабӯтар нигариста, гиря карда:

– Чӣ кори кардаат буд, акаҷон? Наход чунин ҷонвараки зеборо кушӣ? Дигар бо ту бозӣ кардан намехоҳам, ту бераҳм будай – гуфту овозашро баландтар сар дода: – Оҷа, оҷаҷон – гуфта гирён садо кард.

Модар хавотир шуда, тирезаи айвонро кушода:

– Мунисаҷон, чаро гиря мекунӣ? Комрон, чӣ шуд ба хоҳарат? – гуфта пурсид.

Комрон ба модар менигаристу ба хоҳару ба кабӯтараки сап-сафеди зебо. Аз карда пушаймон, давид сӯи кӯча. То охири кӯча расид. Суханони хоҳараш «ту бераҳм будай» дар гӯшаш садо медод. Чашмонаш пур аз об шуд, ашк ҷорӣ шуда ду рухсорашро тар кард.

– Чӣ кори кардаам буд? Чаро ҷонвараки зебоякро куштам? – гуфту боз давид. Ӯ дар як дам ба боғи истироҳатӣ расид. Ҳама бачаҳо ба мошинҷаву

пешина
аз 184
навбатӣ