Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Қомати зебо дорам. Боз мегӯянд, ки «сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад». Ба умеди баъди хушк шудан, асо гашта ба дасти мӯйсафеде меафтӣ, зиндагӣ кардан маъно надорад.
Се дарахт ба якдигар роз мегуфтанду афсӯс мехӯрданд...
Вақти хона рафтани Барот ҳам шуд. Ӯ аз шикояти дарахтон малул гашта, бузу гӯсфандҳояшро пешандоз карда, сӯи хона бурд.
Модар аз вазъи Барот фаҳмид, ки чӣ ҳодисае шудааст.
– Баротҷон, писарам, чӣ шуд ба ту? Мабодо бемор нашуда бошӣ?
– Не, модарҷон, бемор нашудаам, – гуфта ба хонаи хоб даромад.
Дар ҳамин вақт падар низ аз кор омада, сари дастархон писарашро надида:
– Оҷеш, Барот наменамояд? – гуфт бо изтироб.
– Барот дар хонаи хоб, табъаш хира, ба фикрам бо ягон ҷӯрааш ҷангӣ шуданд чӣ.
– Барот, писарам, канӣ назди мо биё, – гуфта падар овоз дод.
Барот бо табъи гирифта баромада, ба падар салом доду монанди гунаҳкорон сар ҳам карда, хомӯш рост истод.
– Писарам, канӣ наздам шин, чӣ шуд? – гуфт падар.
Барот бо таАССУФ сӯҳбати дарахтонро ба падар нақл кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё