Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин суҳбатҳо баҳра мебурдам. Дугонаҳо ба якдигар рози дил мегуфтанд, ҷавонон бошад гӯштингирию чилликдангал ва дигар намуди бозиҳо ташкил мекарданд. Ба ҳамаи ин нигариста шод мегаштам, ки бо сояи худ ба мардум нафъ меорам.

Афсӯс, имрӯзҳо касе намехоҳад зери сояи ман паноҳ барад, чунки он нафасе, ки ман мебарорам ба саломатии инсонҳо, ҳатто ба ҳайвонҳо низ зарар доштааст. Табибон инро муайян кардаанд.

Аз ҳама аламовараш ин аст, ки решаҳоям боқувват ҳам бошанд, аммо дарунковок шудаам. Метарсам, маро бурида аловӣ накунанд.

Дарахти себ ҳам бо афсӯси зиёд лаб кушод:

– Агар ман дохили ягон боғ мешудаму нигоҳубинам мекарданд, себҳои сурху ширини маро мардум чашида роҳат мекарданд. Ин азобе, ки ман ҳозир дорам, доимо зери шиканҷаам. Сангу кулӯх ба поя ва шоху навдаҳои аз ҳосили зиёд хамзадаам расида, захме аз худ боқӣ мегузоранд. Ягон сол ман надидам, ки себам пухта расида бошад. Бачаҳо хомохом онро афшонда худашон ҳам нахӯранд, ба ҳайвонҳояшон медиҳанд. Афсӯс, сад афсӯс...

Сарви ҷавони қадбаланд низ ба сухан даромад:

– Яке сояи ғафс доред, дуюми меваҳои ширин. Ман бошам на инро дораму на онро. Бо вазидани насимаке баргҳоям меларзад. Нафъи ман ба инсонҳо ҳеҷ аст. Дар байни мардум мегӯянд, ки қаду

пешина
аз 184
навбатӣ