Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
ОФТОБИ ОЛАМОРО
Офтоб барвақт аз хоб хеста нурҳои чун бирешими пилла нозуку зарди худро ба ҳар тараф пареш дод ва гуфт:
— Канӣ, бинам, аз дидани ман кӣ аз ҳама зиёд шод мешуда бошад?
Хурӯс овоз баровард, ки «ман хурсандам ва бо садои баландам ҳамаро огоҳ кардам».
Гули лола сари ҳамгаштаи худро баланд карду гуфт: «Офтоби азиз, то ту баромадан сарҳам будам, ана, ҳоло аз байни баргҳои зебоям сӯи ту сар ба фалак кашидам».
Асп шиҳа кашид, гов маос зад, бузу гӯсфандон низ ба таври худ овоз бароварданд, саги ҳавлӣ Мухтор ҳам аккос зад, мургакон куд-куд гӯён хурсандии худро баён карданд.
Меваҳои боғ низ аз баромадани офтоб шодӣ мекарданд, чунки онҳо аз нурҳои хуршед баҳра мегиранд, ранг дигар мекунанд ва мепазанд.
Соҳиби хона — холаи Ҳанифа аз хона баромада сӯи осмон нигоҳ кард, ба офтоб таъзим карда салом дод ва гуфт:
— Шукр, сад шукр, ки ба рӯзи нав расидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё