Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Дасту рӯй шуста ба фарзандонаш овоз дод:
– Азизонам, ҷигаргӯшаҳоям, хезед, офтоби нозанин ҳавлии моро бо нурҳои дурахшонаш пур кардааст. Хезед, ки аз тақсимоти ризқу рӯзиятон бебаҳра намонед. Касе барвақт мехезад, ризқаш зиёда мегардад.
Слимҷон, Каримҷон, Лолабону, Фарзона ва падарашон чашмҳоро молида аз хонаҳои хоб баромаданд. Баъди дасту рӯй шустан, яке давид сӯи катаки мург, 6 дона тухм ёфта овард, дигаре давида барои ёрии модар гӯсоларо дошта истод, ки ӯ гов дӯшад, сеюмӣ ба рӯфтани ҳавлӣ оғозид ва Фарзона чой монда болои суфа зери сояи ангур дастархон кушод. Падар бошад ба гову молҳо беда дод.
Ҳама барои ношто кардан сари дастархон ҷамъ омаданд.
Лолабону аз модар пурсид:
– Модарҷон, тақсимоти ризқу рӯзӣ кай мешавад?
Модар табассуме карда гуфт:
– Аллакай сар шуд ва ҳамаи шумо бенаво намондед. Ҳамин дастархони пури ризқи шумо аст, чунки дар он ҳамаатон ҳиссагузор шудед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё