Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ШОДИИ УМРБОДӢ

Бо панҷу чор оям,
Ҳар гаҳ зи мактаби худ.
Гул мекунад табассум,
Дар рӯйи модарам зуд.

Ҳар гоҳ ки зи дӯкон,
Орам панир ё нон.
Болида хотири ӯ,
Гӯяд: «Бале, писарҷон!»

Дина ба Мирбобо,
Овардам аз канал об.
— Умрат дароз бодо, —
Гуфто чу оби Варзоб!..

СУРУДИ БАҲОР

Рӯзу шаб шуд баробар,
Ранги замин шуд дигар.

Чун фалла хок нарм аст,
Нафаси ҳаво гарм аст.

Деҳқонбобо ғарқи кор,
Дар оғӯши киштзор.

Мисли кӯдаки пурноз,
Наргис дида кунад боз.

пешина
аз 184
навбатӣ