Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Занад ба гӯш дубора,
Бунафша гӯшвора.

Аз гул созад захира,
Занбӯри асал шира.

Қумрӣ дар шохи чанор,
Хонад суруди баҳор.

ШАШТО УКҲОЧА ДОРАМ

Шашто укҳоча дорам,
Аз ин сабаб пуркорам.
Диҳам ба онҳо ёрӣ,
Канӣ вақти сархорӣ?
Ба лӯхтаки Сарвиноз,
Медӯзам куртаи соз,
Ба Ҷамшеду ба Дилшод,
Хонданро медиҳам ёд.
Биёрам баҳри Нодир,
Аз дӯкон чурғоту шир.
Афсона гӯям шабҳо,
Ба Меҳрубону Шаҳло.
Шашто укҳоча дорам,
Аз ин сабаб пуркорам.
Диҳам ба онҳо ёрӣ,
Канӣ вақти сархорӣ?!

пешина
аз 184
навбатӣ