Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БУЗАКИ ЧИНӢ-МИНӢ
(Аз рӯи афсонаи халқ)

Дар солҳои сол, дар моҳҳои моҳ будаст-набудаст як Бузаки чинӣ-миннӣ будаст. Ӯ ду бача доштаст: Ҳалулаку Булулак.

Бузаки чинӣ-миннӣ ҳар саҳар барвақт аз хоб мехестааст ва аввал ба сари болини Ҳалулаку Булулакаш меомадааст. Меомадааст ва ҳар сафар онҳоро дар хоби ширин, ки медидаст, дилаш намешудааст, ки бедорашон кунад. «Эй, ҳоло бачаанд, — мегуфтааст, — бигзор аз хоб сер шаванд», — мегуфтааст. Бузаки чинӣ-миннӣ хонаро худаш рӯбучин мекардааст, худаш обу ҳезум меовардааст, пухтупаз намуда ноништа тайёр мекардааст. Баъд, вақте ки Ҳалулаку Булулак бедор мешудаанд, ба онҳо хӯрок дода, сонӣ аз пайи корубораш мерафтааст.

Ҳалулак, ки аз Булулак дар синну сол даҳ дақиқа калонтар будааст, ақлу фаросати ӯ ҳам мувофиқи ҳамин синну солаш даҳ дақиқа пештар даромада, дар хаёли ӯ ногаҳон як фикри аҷоибе монанди гули алов милтӣ карда гузаштааст.

— Булулак, ҳо Булулак, — муроҷиат кардааст Ҳалулак ба додаракаш.

— Ҷони Булулак, — ҷавоб додааст ӯ ба акояш.

— Оҷаи мо ба мо ҳамин қадар меҳрубонию ғамхорӣ мекунад. Ману ту чӣ кор мекунем?

— Чӣ кор мекунем? — такрор кардааст Булулак саволи акояшро ва азбаски ҳеҷ вақт ҳеҷ кас ба

пешина
аз 184
навбатӣ