Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Онҳо ин саволро надода буд, дуру дароз андеша карда истода, сониян гуфтааст: — Ҳар чӣ диҳад, ҷобаҷо мехӯрем, сониян бозӣ карда мешинем, гашта биёяд, бо хандаву хурсандӣ ба шоху гардани ӯ дармеафтем, ба пушти ӯ савор мешавем, меғелем, мехезем, ӯро китиқу бӯсобӯс мекунем... Дӯст медорем... Боз чӣ кор мекунем?...
— Дурусткуя, Булулак, — гуфтааст Ҳалулак, — лекин ким-чӣ намерасад. Намедонам, ки чӣ намерасад.
Баъди ин саволу ҷавоб Ҳалулаку Булулак ба андешаи ҷиддӣ дуру дароз гирифтор шуда монда, якчанд сония ба ҳамдигар хомӯш нигоҳ карда нишастаанд. Дар давоми ин сукут ва хомӯшӣ ақли Булулак ҳам расо шуда, ба ақли Ҳалулак расидагирифтагӣ барин шудаасту ногаҳон ҳарду якбора фарёд задаанд:
— Ман медонам, чӣ намерасад!
Айни вақти фарёд задани онҳо занҷири дар шаракқӣ мекунаду дар кушода мешавад ва Бузаки ҷиннӣ-миннӣ ду дарза алаф бар сари ду шоҳаш, ду сар карам дар ду дасташ, пистони пур аз шираш ба замин овезон, дар обу арақ ғарқа, шалпар, вале даҳонаш пур аз табассум аз дар медарояд ва пештара барин интизор аст, ки Ҳалулаку Булулаки ӯ ҳозир бо шодию хурсандӣ ба ӯ дармеафтанд, ӯро ғелонда хорумол, китиқ ва бӯсобӯс мекунанд.
Ҳалулаку Булулак бошанд, ҳамон замон ба назди ӯ пештара барин бо валвалаву шавқу завқ давида оянд ҳам, дар пеши ӯ таққӣ меистанд. Меистанд ва карамҳоро зуд аз дасти модарашон ги-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё