Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Гирифта ба тоқча мемонанд, ду дарза алафро аз сари шохҳои ӯ кашида мефуроранду ба охурча бурда мепартоянд. Сонӣ аз ду бари рӯи модарашон бӯсида, ӯро аз ду паҳлу ба канор гирифта бурда ба болои кӯрпача мешинонанд.

— Шукр, ҳазор бор шукр! — гуфтааст Бузаки чиннӣ-миннӣ, ба рӯи кӯрпача нишаста истода. — Акнун калон шудаед. Дастёр шудаед.

II

Рӯзи дигар Бузаки чиннӣ-миннӣ монандӣ пештара барвақт аз хоб хезад, мебинад, ки имрӯз хона тозаву озода аст, дар танӯр олов хур-хур аланга зада сӯхта истодааст, дар офтоба об балақ-балақ меҷӯшад, лекин гирду атроф ҷим-ҷит, ҳеҷ кас наменамояд. Бузак аз дари хонаи бачагонаш сар медарорад, мебинад, ки ҳардуяшон хобанд, хоби мастанд. Бузак ҳайрон мешавад ва ба сари болини онҳо меравад, ки онҳоро хабар гирад. Айни вақте ки Бузак лаби кӯрпаи Ҳалулакро аз замин бардошта, ӯро пӯшониданӣ мешавад, онҳо якбора валвалаву шавкункунон аз ҷоғаҳошон ҷаҳида, ба шоҳу гардани ӯ дар меафтанд, ӯро ба рӯи бистари худ ғелонда, хорумолу қитику бӯсобӯ мекунанд. Бузак, ки аз дирӯз боз буғумҳои дасту пояш дард мекарданд, баъди ин хорумол бармехезад ва ҳис мекунад, ки дард нест шуда рафтааст.

Онҳо ҳар се бо димоғи чоқ ба сари дастархон нишаста, ноништа мекунанд ва Бузак бо хотири ҷамъу дили беғам аз пайи корубораш меравад.

пешина
аз 184
навбатӣ