Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Кист дар бомаки ларзонаки ман,
    Хок мерезад ба дастархонаки ман?
    Ошаки меҳмонаки ман шӯр шуд,
    Чашмаки меҳмонаки ман кӯр шуд.

Бузак зӯрияшро нишон дода истода, боми Шағолро сахттар кӯфта истода, ин хел ҷавоб гардондааст:

  • Манам Бузаки ҷиннӣ-миннӣ,
    Ду шох дорам, ду биннӣ,
    Ҳарду шохам кирминӣ,
    Ҳарду бинним хилминӣ!
    Кӣ хурдаст Ҳалули ман,
    Кӣ бурдаст Булули ман,
    Кӣ тиру камон дорад,
    Кӣ меброяд ба ҷанги ман?!

Шағол аз тарс қариб талхакаф шуда, бо зорию
тавалло ҷавоб додааст:

Нахурдам Ҳалули ту,
Набурдам Булули ту,
На тиру камон дорам,
На мебром ба ҷанги ту.

VI
Бузаки ҷиннӣ-миннӣ аз тори боми Шағол фаромада, кофтуковашро давом додааст. Боз чанд ҷангалро пай карда, чанд саҳроро тай карда, аз дарёи
Бухрон гузашта, ба хонаи Рӯбоҳ расидааст. Раси-

пешина
аз 184
навбатӣ