Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Дасту ба болои боми ӯ баромада, бо қаҳру ғазаб кӯфтан гирифтааст. Чунон сахт, чунон бо қаҳру ғазаб кӯфтааст, ки аз шифти хонаи Рӯбоҳ каф-каф хок рехтааст.

Рӯбоҳи ҳайрону ҳаросон аз хонааш набаромада, аз роғи дар бо тарсу ларз пурсидааст:

— Кӣст дар бомаки ларзонаки ман,
Хок мерезад ба дастархонаки ман?
Ошаки меҳмонаки ман шӯр шуд,
Чашмаки меҳмонаки ман кӯр шуд.

Бузак зӯрияшро бисёртар нишон дода истода, боми Рӯбоҳро аз он ҳам сахттар кӯфта, ин хел ҷавоб гардондааст:

— Манам Бузаки ҷиннӣ-миннӣ,
Ду шох дорам, ду биннӣ.
Ҳарду шохам кирминӣ,
Ҳарду бинним хилминӣ!
Кӣ хурдаст Ҳалули ман,
Кӣ бурдаст Булули ман,
Кӣ тиру камон дорад,
Кӣ меброяд ба ҷанги ман?!

Рӯбоҳ аз тарс қариб талхакаф шуда, бо зорию тавалло ҷавоб гардондааст:

— Нахурдам Ҳалули ту,
Набурдам Булули ту,
На тиру камон дорам,
На мебром ба ҷанги ту.

пешина
аз 184
навбатӣ