Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ПӮЛОД ТОЛИС

Пӯлод Толис 24 августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Соли 1950 аввалин қиссаи Пӯлод Толис «Ҷавонӣ» ба табъ расидааст. Беҳтарин асари тарҷумаиҳолии ӯ «Тобистон» аст, ки аз рӯзгори талхи тоҷикбачагони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя мекунад. Қиссаи «Тобистон» ба забонҳои русӣ, узбекӣ, литвонӣ, эстонӣ, қирғизӣ тарҷума ва чоп шудааст. Дар заминаи он филми ҳунарии «Тобистони соли 1943» таҳия ва пешкаши умум гардидааст.

Китобҳои «Бузичаи ман» (1950-1970), «Бачагони қишлоқи мо» (1950), «Мӯрчаяк» (1952, 1961, 1972), «Ҳикояҳо барои бачаҳо» (1957)-ро барои бачагон навиштааст.

Бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

17 сентябри соли 1961 аз олам даргузашт.

пешина
аз 184
навбатӣ