Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

АдабиётКӯдакон
Аз аввал хондан

Баҳри чӣ кардӣ ту, эй наврасписар,
Аз сари кӯҳи Сулаймонӣ1 гузар?

Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон
Ризқи инсон аст чун оби равон?

Ҳар чӣ мехоҳӣ, ту пайдо мекунӣ,
Нозу неъматҳо муҳайё мекунӣ.

Мекунӣ пур доманат аз чормағз,
Аз бананҳову апелсинҳои нағз.

Меравад дар ҷӯйҳояш ҷои об
Дар тамоми фаслҳо ширу шароб,

Балки овардӣ ту ҳангоми сафар,
Ҷаннати афсонавиро дар назар.

Хостӣ ё аз ҷаҳонгардон шавӣ —
Навҷавон сайёҳи Ҳиндустон шавӣ,

Ин замин кардааст аз даври куҳан
Фикри оламро асири хештан.

Дар фироқи он Сикандар шуд кабоб,
Бобуру Темурҳо хоку туроб.

____________________ 1 Кӯҳи Сулаймонӣ — кӯҳест дар миёни Афғонистон ва Ҳиндустон.

пешина
аз 184
навбатӣ