Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Амонатро аз ҷояшон канда мепартофтанд. Хайрият, Юсуф ин харсангро дида монд, мегуфтам дар дилам, агар ҳозир дар поён мешудем, аз сад ҷонамон як ҷонамон ҳам саломат намемонд!
Сел то рафт калон мешуд, тарақо-туруқи сангҳо низ бештар мегардид.
Мо тамоман тар шуда будем ва аз намӣ дир-дир меларзидем. Дасту поямон карахт мешуданд.
Намедонам, ин аҳвол чӣ қадар давом кард. Мо ҳар ду беҳол шуда ба якдигар такякунон оҳиста-оҳиста пинак мерафтем. Як хоби гароне моро пахш мекард...
Ногоҳ аз дур садое ба гӯш расид. Ман фикр кардам, ки фиреб хӯрдаам ва ҳеҷ гуна садое набуд. Охир, дар ин кӯҳсори беодам кӣ моро суроғ мекунад? Ҳеҷ кас... - Аммо садо боз такрор ёфт. Ман дигар шубҳа надоштам: ин садои аккоси саг буд!
- Юсуф! - аз шодӣ ба куртаам намегунҷида дод задам ман. - Юсуфҷон, шунидӣ?
Юсуф фарёд кард:
- Ҳо-ҳо-ҳо-о-ой!
Ин буд, ки аз паси пардаи сел якбора қомати баланди чӯпон намоён шуд. Ӯ аз болои ҷомааш плаши брезентӣ пӯшида, таёқашро асо карда гирифта буд. Лаҳзае нагузашта, дар назди ӯ сагаш ҳам пайдо шуда монд. Ин ҳамон саг буд, ки пагоҳӣ моро хеле ба ваҳм андохта буд.
Чӯпон муддате ба мо нигоҳ карда истоду баъд аз миёнаш флягаи ҳарбиро кушода, ба сарпӯши он як чизи обакӣ рехт ва бар ҳар кадоми мо як-як нӯшонд. Ман ҳис кардам, ки даҳонамро як чизи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё