Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Чил чашма, чил оина —
Оинаи мусаффо...
Чил чашма не, деҳи мо
Дорад чил чашми бино.

ХОНАҲОИ ДЕҲИ МО

Бо хандаи офтоб
Деҳа мехезад аз хоб.

Дарҳояш чун шавад боз,
Пур мешавад аз овоз.

Дар синаи танги кӯҳ
Бинӣ дунёи шукӯҳ.

Хонаҳо пасту баланд
Рӯи ҳам истодаанд.

Ранги бору сарборанд,
Болои ҳам саворанд.

Пушт ба ҳам ниҳода,
Китф ба китф дода.

пешина
аз 184
навбатӣ