Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ЧИНГИЛАПО БУЗИЧА

— Чингилапо бузича,
Кокулало бузича.
«Ум-ба»-нагӯ, гӯш кун,
Ваъдаи мо бузича:

Ба ту шакар медиҳам,
Ҳалвои тар медиҳам.
Мазза диҳад, боз гӯй,
Бори дигар медиҳам.

Мешавӣ шириндаҳон,
Қобилу ширинзбон.
Дар сари охурчаат,
Хӯрда бигарди калон.

Меъ-е! — гӯяд бузича,
— Неъ-ъ! — гӯяд бузича.
— Аз шакарат ҳам алаф.
Беҳ-е! — гӯяд бузича.

Мон, ки ба саҳро равам,
Сер аз алафҳо шавам.
Бар-бараки очаам,
Сар-сари талҳо давам!

пешина
аз 184
навбатӣ