Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
АЛӢ БОБОҶОН
Алӣ Бобоҷон 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1959 факултеи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.
Муаллифи 30 китоби гуногунҷанру мухталифмаъно, мақолаю очерк, мураттиби бисёр баёзу тазкираҳои дастаҷамъона мебошад.
Барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон китобҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Парвози орзу» (1971), «Некӣ ба некӣ» (1975), «Осмондара» (1981), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988) ва ғ.-ро ба қалам овардааст.
Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1982).
Бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1973 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё