Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Дар ин китоб баробари қаҳрамонони воқеӣ қаҳрамонони асосӣ, нақбканони касбӣ, дӯстон - Мафтун, Шералӣ ва Ҷобирбек тасвир гардидаанд, ки симоҳои онон сирф тахайюлӣ ва бадеӣ мебошанд. Агарчи рӯзгору хонавода ва роҳу равиши фаъолияти онҳо комилан мувофиқи тасвири муаллиф бошад ҳам, баъзе нақбканони иншооти зикршуда ҳаёту корҳои анҷомдодаи худашонро ба онҳо мувобеҳ донистаанд ва ба муаллиф муроҷиат намуданд, ки чаро дар китоб ному насаби онҳо тағйир ёфтааст? Ҳамин тавр, ман бо ҳидояти муаллими мактаби рӯзноманигори комсомолӣ шудам.
-
Пайдост, ки навиштани очерк заҳмату тоқати зиёдро тақозо дорад ва на ҳар қаламкаш ба навиштани он қодир аст. Дилбастагии Шумо ба ин навъи эҷод ба ҳаддест, ки то кунун, бо вуҷуди он ки синнатон аз 80 мегузарад, бо завқу рағбати афзун ба навиштани он мепардозед. Шояд ин аз таълимоти мактаби очеркнависони бузурги тоҷик, мисли устодон Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеулло Наҷмиддинов аст, ки имрӯз Шумо аз меросбарони асосии он ҳастед? Ин мактаб боз чӣ сабақҳое ба Шумо ва ҳамқаламонатон додааст?
-
Бале, яку ним соли аввали корам дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» таҳти роҳбарии устоди доно ва ғамхор Мутеулло Наҷмиддинов сипарӣ гардид. Он кас аз гӯ-шаву канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷавонони эҷодкорро ба кори рӯзнома даъват намуда буданд. Ба ҳамин минвол, Додоҷон Раҷабӣ аз Хуҷанд, Бобо Расулзода аз Исфара, Нур Табар аз Ваҳдат, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоҳ аз Бадахшон ва ман аз Қубодиён ба кори рӯзнома шомил гардидем. Устод дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (он вақт «Тоҷикистони советӣ») якчанд сол фаъолият дошта, мудири шуъбаи адабиёти он буданд ва аз ҳамон вазифа ба сифати сармуҳаррири «Комсомоли Тоҷикистон» таъйин шуданд. Роҳбарамон ба мо тавсия медоданд, ки бештар рӯзномаҳои «Комсомол-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё