Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯ ба рӯи муҳандис болои курсӣ нишаст. Валерий Ростиславович чашм аз коғази рӯи миз бардошта, пурсид:

  • Ҷавон, чӣ лозим аст?
  • Дар Донишгоҳи политехникӣ таҳсил карда истодаам ва ҳоло мехоҳам, ки дар муассисаи шумо кор кунам, - гуфт бо қатъият Амрулло.
  • Чунин хоҳиш доштанат бад не, албатта, дуруст аст, - аз ҷояш бархост Мигуренко, - аммо ман ба ту маълумот до Даниям, ки тоҷикон дар муассисаи мо фақат дар вазифаҳои ронанда, мудири анбор ва масъули тақсими сӯзишворӣ кор мекунанд, мутаассифона, алҳол ин вазифаҳо банд мебошанд, - сухани худро тамом кард Мигуренко ва дигар ба ҷониби Амрулло нигоҳе ҳам накарда, ба берун баромад ва ба мошини хизматии худ савор шуда, дунболаи кори зарураш рафтагор гардид. Бо ин муомилаи роҳбари муассисаи номвари ленинградӣ масъалаи чигили дар ниҳоди Амрулло ниҳонбуда боз ҳам чигилтару пургиреҳтар шуд...

Дар замони Истиқлолият Амрулло Муқаддасович Халилов ҳамчун муҳандиси комили бунёдгари неругоҳҳои барқи обӣ ба камол расида, корхонаи шахсии «Нурафшон»-ро ташкил намуд.

  • «Нурафшон» муассисаи махсусгардондаи гидротехникии иншооти сохташаванда мебошад, - мегӯяд Амрулло Муқаддасович. - Ва он зодаи даврони Истиқлоли Ватан буда, ният дорем, ки заҳмати мо истиқлолияти кишвари азизамонро боз ҳам таҳким бахшад...

  • Дар бораи бунёдкориҳои замони Истиқлол, махсусан роҳхову нақбҳо ва НБО-и Роғун Шумо чандин асари публицистӣ эҷод кардаед, ки онҳо дар ҳар ду ҷилди китоби наватон «Хӯшаҳо аз киштаҳо» ҷой гирифтаанд. Ба андешаи Шумо, корнамоии дастбакорони чунин иншоот ба чӣ тарзу равиш ва шаклу сурат бояд бозтоби бадеӣ биёбанд? Аз муаллиф барои ҳосил шудани ин мурод чӣ тақозо мешавад?

пешина
аз 263
навбатӣ