Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
«Садбарги зарин»-ро дигарбора интишор доданӣ шуд. Камина ин асарро аз нав таҳрир намудам ва он ба зевари табъ музайян гашт. Дар Намоиши ҳафтуми байналмилалии китоби Душанбе (соли 2018) тарҷумаи асари «Садбарги зарин»-и К. Паустовский дар «Озмуни беҳтарин тарҷума» ғолиб омада, ба Дипломи дараҷаи аввал мушарраф гардид.
Ният дорам, ки тарҷумаи повести «Роҳи Каҳкашон» ва романи «Сурх ва сиёҳ»-ро бо таҷдиди назар аз нав интишор намоям.
-
Баъди гирифтани унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон чӣ эҳсосе ба дилатон роҳ ёфт, ҳисси ифтихор, қаноатмандӣ, комёбӣ ё чизи дигаре?
-
Унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистонро қадршиносӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати адибон меҳисобам. Ва боз ҳам барои иҷро намудани хизмати халқу Ватан худро қарздор медонам.
-
Умедворем, ки минбаъд ҳам бо армуғонҳои тоза ба тозаи эҷодӣ хонандагони азизро хушнуд хоҳед кард. Саломат бошед.
-
Шумо ҳам саломат бошед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё