Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

мулоҳиза ва бардоштҳояшро перомуни кори эҷодӣ хеле зиндаву табиӣ, бо овардани мисолҳои мушаххаси ибратбахш баён кардааст ва андешаҳояшро бо руҷӯъ ба рӯзгору осори нависандагони бузурги ҷаҳонӣ тақвият додааст. Олам-олам нуктаҳои зарифу латиф, китоб-китоб маъниҳои нозуку баланд ва нақлу ҳикоятҳои ҷолибу ҳаяҷонбахш дорад ин китоб. Пайдост, ки муаллиф вақти иншои китоб бар замми таҷрибаи ғанӣ, хазинаи бузурги донишу огоҳиро дар ихтиёр дошта ва аз он хеле устокорона манфиат бурдааст. Тамоми масъалаҳое, ки дар саҳифаҳои китоб матраҳ шудаанд, ҳанӯз ҳам муҳиму коромад мебошанд ва аз ин рӯ мутолиаи дақиқи он барои боз шудани гиреҳи масоили эҷодӣ мусоидат мекунад.

«Садбарги зарин»-ро ба забони тоҷикӣ нависанда ва публитсисти маъруфамон Бахтиёр Муртазо дар ҷавонӣ тарҷума карда буд. Дар оғози роҳи эҷод даст задан ба чунин кори душвору камаршикан нишони шуҷоатмандист. Ҳамон вақт суханшиносову хонандагон тарҷумаи нависандаи ҷавонро хуш пазируфтанд. Бинобар гуфтаи худи мутарҷим, ин китоб хеле барвақт, замоне ки ҳанӯз 22-23-сол дошт, ӯро маҷзубу афсун карда буд ва орзуи тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ аз ҳамон оғоз дар дилаш ҷой дошт. – Дар хизмати аскарӣ будам, ки (соли 1964) «Садбарги зарин»-ро аз як китобфурӯшии шаҳри Ленинград пайдо кардам ва мисли муфлисе, ки ногаҳон бо кони тилло рӯ ба рӯ мешавад, шодмонӣ доштам, - мегӯяд Бахтиёр Муртазо. – Вақте ки китобро то охир хондам, чунон зери таъсираш қарор гирифтам, ки ногуфтанист. Такрор ба такрор мехондам ва азм намудам, ки онро, سنگین ҳам бошад, ба забони тоҷикӣ тарҷума кунам ва хонандагони тоҷикро аз ин шоҳасар огоҳ намоям.

Баъди адои хизмати ҳарбӣ адиби ҷавон ба амалӣ намудани орзуяш камар баст ва чун азми ҷазм ва шавқи бениҳоят дошт, дар муддати хеле кӯтоҳ кори тарҷумаи «Садбарги за-

пешина
аз 263
навбатӣ