Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

риди таваҷҷуҳи ҳокими шаҳр ҷаноби Ренал қарор гирифт ва ҳоким ӯро ба хонадонаш овард. Дар оғоз хонуми ҷаноби Ренал интихоби шавҳарро хуш қабул накард, вале ба зудӣ ошиқи Жюлен шуда, дил аз даст дод...

Роман басо пурмоҷарост ва ҳаётиву боварбахш эҷод шудааст, ҳамчунин, дар сари бисёр далел ва вожаю ибораҳо, аз ҷумла, унвони асар — «сурх» чисту «сиёҳ» чист, то ҳанӯз баҳс идома дорад. Баъзе донишмандон Стендалро айбдор мешуморанд, ки дар анҷом чӣ тавр хулоса карданашро надониста, қаҳрамони асарашро ба марг маҳкум намуд. Дар асл Стендал тавассути таппончаи қаҳрамони асараш ба ҷамъияти дурӯяи замони худ оташ кушодааст. Поёни қисса фоҷиа мебошад...

Вале тарҷума сарҳадшикан аст, ному шуҳрату ақида ва андешаи як нафарро аз кишваре ба кишваре мебарад. Амали неке, ки Бахтиёр Муртазо анҷом дод, номи Стендалро ба хонандаи тоҷик шинос кард, писандида гардонд. То ин замон асари адиб борҳо ба забони русӣ тарҷума шуда буд. Муҳаққиқони рус дар ҳар тарҷума ҷиҳати хуб, вале айбу нуқсашро низ қайд кардаанд. Албатта, агар имрӯз имкони чопи дубораи «Сурх ва сиёҳ» даст медод, Бахтиёр Муртазо ҳам тарҷумаи худро дубора дуруст мекард, зеро аз он замон, ки кори баргардонидани асар анҷом пазируфт, қариб 50 сол сипарӣ гардидааст, адиби гиромиқадри мо фурсат ёфта, ин амалро шояд анҷом ҳам дода бошад, вале дар ин шаклу услуб низ чопи такрории «Вақоеъномаи асри ХІХ» иштибоҳ намешавад.

пешина
аз 263
навбатӣ