Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Солҳо ҳамчун рӯзноманигор сипарӣ кардаанд. Аммо имрӯз аз эшон танҳо бо унвони шоир ёд мекунанд. Шумо дар адабиёт ҳамчун кӣ мондан мехоҳед: рӯзноманигор, тарҷумон ё нависанда?

  • Инро халқ, хонандагон мувофиқи асарҳои эҷодкардаи адиб муайян менамоянд. Вақте аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шуд, аз нигоҳи ман дар ин ҷо хизматҳои камина ҳам дар матбуот, ҳам дар адабиёт ва ҳам дар тарҷумонӣ аст.

  • Аз зиндагӣ чӣ чизро кам гирифтед ва чаро бештар?

  • Дар зиндагӣ ҳадафам хизмат кардан ба халқ буд, ки то қадри имкон инро анҷом додаам.

  • Зиндагӣ дар шинохти як нафаре, ки ҳамакнун зиёда аз 80 сол дорад, чист?

  • Зиндагӣ барои ҳар як инсон ганчинаи басо пуркимат аст. Ман чунин фикр дорам, ки одам бояд аз хеш номи неку осори нек боқӣ гузорад, ки мардум ӯро ёдоварию кунанд.

  • Як нависандае, ки ҳамакнун ҳамчун Нависандаи халқӣ эътироф шудааст, боз чӣ орзуи дигар дорад?

  • Вақте ман ин унвонро гирифтам, дар назди адабиёт, халқ ва зиндагӣ худамро қарздор меҳисобам. Айни ҳол ба таълифи китоби «Роғун» масруф ҳастам. Чи тавре ки оқилон гуфтаанд, то дил дар таппиш аст, қалам дар лағзиш аст.

  • Ин ҳама комёбиҳое, ки дар зиндагӣ доред, аз диди шумо баҳри кадом амал ё кори ҳайратон аст?

  • Худо доност.

ЖУРНАЛИСТИКА, «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» ВА АДАБИЁТ

  • Чаро журналистика? Магар омил ин буд, ки дар даври Шумо рӯзноманигорон нуфузи бештар доштанд ва аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдор буданд ё чизи дигаре?

  • Ҳангоми наврасиву ҷавонӣ дар бораи шуҳрат дошта-

пешина
аз 263
навбатӣ