Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Фолклоршинос ва тарҷумони киргиз Тойтура Ботиркулов тарҷума кардам.
Устод Мутеулло Наҷмиддинов тарҷумаи моро мутолиа намуда, ба чоп иҷозат доданд. Ба ҳамин минвол тарҷумаи ин повест пурра дар рӯзнома интишор ёфт. Устод Мутеулло Наҷмиддинов ба таҳсили мактаби ҳизбии шаҳри Маскав рафтанд ва ба ҷойи он пас шогирдашон Ибод Файзуллоев муҳаррир тасдиқ шуданд. Ибод Файзуллоев низ устоди рӯзноманигорон ва фелетоннависи оташинсухан сипас қиссаҳо ва романҳо эҷод кардаанд. Он кас ҳам анъанаҳои хуби эҷодиро нигоҳ медоштанд ва фаъолияти мо бо завқу завқ пеш мерафт. Пас аз якчанд моҳи корам бо роҳбарии Ибод Файзуллоев маро ба хизмати аскарӣ даъват намуданд. Ва маҳалли хизматам дар шаҳри Ленинград, ҳоло Санкт-Петербург мувофиқ омад. Давраи хизматам дар саросари мамлакати шӯравӣ тайёрӣ ба ҷашни бистсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷараён дошт. Ва ман ҳам фурсат ёфта, дар мавзӯи ҷанг ва муҳосираи Ленинград ҳар моҳ тақрибан як мақола менавиштам ва ё дар ҳамин бобат ягон мақоларо тарҷума намуда, ба идораи «Комсомоли Тоҷикистон» мефиристодам. Ва ин мақолаҳо ва тарҷумаҳоям пайваста чоп мешуданд. Дӯстон ва ҳамкорон ин ҳолатро мушоҳида намуда, шӯхиомез мегуфтаанд: «Бахтиёр дар аскарӣ не, балки дар сафари хизматӣ аст». Пас аз ҳафт моҳи хизматам дар Ленинград маро барои идораи аскарӣ ба шаҳри Иркутск равон намуданд. Панҷ моҳи хизмат дар соҳили кӯли афсонавии Байкал сипарӣ гардид. Дар ин ҷо низ баробари адои хизмати аскарӣ вазифаи хабарнигориро анҷом медодам. Боре аз муовини қумондон оид ба корҳои сиёсӣ рухсатии серӯза гирифта, ба Пажӯҳишгоҳи кӯлшиносӣ омадам ва бо олимони он мулоқот намудам. Пажӯҳишгоҳ якчанд сол боз бо омӯзиши табиати кӯл ва олами ҳайвоноту набототи он машғул будааст. Дар паҳлӯи пажӯҳишгоҳ осорхонаи кӯли Байкал низ фаъолият дошта, дар бораи ин мӯъҷизаи таби-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё