Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама муҳаррироне, ки таҳти роҳбарии онҳо кор кардаам, шахсони донишманд ва дар иҷрои вазифаҳои хеш садоқати баланд доштанд. Аз онҳо бисёр чизҳои некро ёд гирифтаам. Умуман дар чордаҳ соли корӣ ин ҷо бароям мактаби бузурги маърифат ҳисоб меёбад, аз хурду калони ин даргоҳ сабақу ҳикмат омӯхтаам. Дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бо бисёр одамони хуб ва покниҳод ҳамкору ҳамнишин будаам ва фазилату نкуиҳои онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунам.

  • Ин мактаб ба шумо чӣ дод?

  • Бо шарофати ҳамин мактаби маърифату одамият баъдан ман вазифаҳои хеле масъулро иҷро намудаам: мудири шуъба ва узви ҳайати таҳрири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири бахши публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» ва аввалин сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» ва замимаҳои он бо забони русӣ – «Народная трибуна», бо забони узбекӣ – «Халқ минбари».

Барандаи ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ҳастам.

Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошам. Барои хизматҳои башардӯстона бо нишони Ситораи сурх, бо нишони Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, ҳафт медали ҷангӣ, якчанд медали меҳнатӣ ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР шарафёб гаштаам. Дар Намоиши Ҳафтуми байналхалқии китоби Душанбе (соли 2018) барои тарҷумаи «Садбарги зарин»-и К. Паустовский дар озмуни «Беҳтарин тарҷумони сол» ғолиб омада, ба дипломи дараҷаи аввал сарфароз шудаам.

Дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо фармони Пешвои муаззами миллат ба унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидам.

пешина
аз 263
навбатӣ