Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
намоянд. Баъдан духтарони тоҷик ба ин соҳа имрӯз бисёр таваҷҷуҳ менамоянд, ки дар даврони мо духтарони журналист тамоман кам буданд. Ҳамаи ин нишонаи он аст, ки вазъи журналистика хуб аст.
-
Устод, маҳфили рӯнамоии китоби тозанашратон «Хӯшаҳо аз киштаҳо» бисёр хуб баргузор гардид ва ин китоб аз ҷониби аҳли қалам хуш истиқбол шуданд. Мегуфтед, ки дар ҷавҳари ин китоб чӣ меистад?
-
Бале, «Хӯшаҳо аз киштаҳо» иборат аз ду ҷилд буда, дар ин китобҳо гулчини асарҳои публитсистӣ мураттаб шудааст. Аз ҷумла, очеркҳои проблемавии «Садди сойи Оби Шӯр», «Бригадаи аввалини нақбканон», «Оғози сохтмонро дӯст дорам», «Роҳи «Нурафшон» ва ғайра ба заҳмати фидокоронаи бунёдгарони Неругоҳи барқи обии Роғун бахшида шудаанд.
Ба мутолиагарони хушзавқ инчунин дар ҷилди якум асарҳои «Чашмаҷон», «Нури ҷовидони зӯзанаб», «Сухангустураи дарёдил», «Падари халқ», «Ҳикмати ҷомаи саркор», «Муҳориба бо оташ» ва ғайра пешниҳод гаштаанд.
Албатта, қиссаи мустанади «Чашмаи офтоб» ҳам, ки меҳнати қаҳрамононаи заминкушоёни Бешкандро тасвир менамояд, барои хонанда шавқангез хоҳад буд. Дар ин қисса бисёр мушкилоти кошифони навбати аввали ободии навзамини Бешканд ба риштаи тасвир кашида шудаанд. Дар пеш навбати дуюми обод кардани заминҳои Бешканд истодааст, ки ислоҳи мушкилоти навбати аввал барои кошифони имрӯзаи ин диёри ганҷ сабақомӯз мебошад.
Ду очерки аввали китоби «Хӯшаҳо аз киштаҳо» ҷилди дуюм бо унвонҳои «Рисолати беназирии таърихӣ» ва «Барномаи аввалини давлатсозӣ» буда, дар онҳо тадбирҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободонии кишвар баён ёфтаанд. Дар замони Истиқлолияти Ватан аввалин иншооте, ки Сардо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё