Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
мутахассиси маҳаллӣ Ҷумъахони Зуҳур таъйин мегардад. Ҷумъахон низ дастпарвари техникуми кӯҳшиносию геологии Душанбе буда, Донишгоҳи политехникии Туларо ғоибона хатм карда буд ва дар сохтмонҳои зеризаминии нерӯгоҳи Норак таҷриба андӯхта, баъдан фаъолияти худро дар корҳои сохтмонӣ идома додааст. Ӯ дар нақби обрасонии Данғара аз нақбкани одӣ корро шурӯъ намуда, то дараҷаи сардори минтақаи сохтмон сабзида расида буд. Баъди роҳбари идораи нақбкани таъйин шудани худ Ҷумъахони Зуҳур тамоми фаъолияти нақбсозони Данғараро, ки дар сохтмони нақби Анзоб фаъолият менамуданд, зери назорат мегирад. Ҷавонони маҳаллӣ ба кори ин сохтмони муҳим ҷалб мегарданд. Аз ҷумла ҷавонони деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, ки дар комбинати маъдантозакунии Анзоб кор мекарданду то андозае ба нақбкани шинос буданд, ба кор қабул карда мешаванд. Аз ҳисоби ин ҷавонон бригадаи нави нақбканон таъсис дода мешавад ва Шералӣ, ки қаблан дар бригадаи Мафтун нақбкан буд, сардори он таъйин мегардад. Ҷобирбек сардори бригадаи бетонрезон мешавад. Ин ҳама бо маслиҳати Мафтун сурат мегирад, зеро Мафтун медонист, ки ҷавонони маҳаллӣ барои анҷоми сохтмони нақб бештар ҳавасманданд. Бригадаи Мафтун ҳам аз ҳисоби ҷавонон пурра мешавад. Дар нақбкании бригадаҳои Мафтуну Шералӣ ҳаммусобиқа мешаванд... [ниг.: 7, с. 104-106].
Дар рӯзе, ки Мафтун бори аввал бо шаш нафар ҳамкорони ҷавонони худ ба нақбкани мерафт, дар даромадгоҳи нақб ба онҳо риояи қоидаҳои нақбканиро мефаҳмонад. Сипас онҳо ба нақб ворид шуда, ба кор шурӯъ менамоянд. Ҷавонон низ оҳиста-оҳиста ба кори нақбкани одат мекунанд. Мафтун на танҳо ба ҷавонон бо дастгоҳи пармагарии нақбканиро меомӯзонд, балки онҳоро рӯҳан низ болида гардонда, дар қалбҳояшон меҳри ин касбро афзун менамуд. Ӯ ҳамеша аз касби худ ифтихор дошт ва мехост, ки шогирдо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё