Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

миннатдорӣ изҳор менамуд». Мушоҳидаи парвози уқоби болои кӯҳи Уштургардан ба ёди Мафтун ин воқеаи аёми мактабиашро овард. Мафтун парвози уқобро мушоҳида намуда, «уқоби хаёлоташ ба авҷи осмонҳо парвоз намуд» [ниг.: 7, с. 127]. Ба худ андеша мекард, ки шояд он уқоби табобаткардаи ӯ бошад, аммо зарурати воқеӣ дар бораи воқеаҳои заминӣ - сохтмони нақби Анзоб андеша карданро такозо мекард. Бо чунин андешаҳо ӯ ба гармоба омада, огоҳ гардид, ки аз сабаби вайрон шудани хати интиқоли барқ дастгоҳи гармкунандаи об кор намекунад. Акнун дар андешаи он буд, ки ӯ ва шогирдонаш ин қадар чангу хокреро, ки ҳангоми резиш ба тамоми аъзои баданашон часпида буд, чӣ тавр шуста тоза мекунанд. Ҳол он ки ӯ ба шогирдонаш гуфта буд, ки баъди кор дар оби гарм бештар истода асабашонро ором хоҳанд кард. Чунин андешаҳо ӯро азоб медоданд, ки кор дар сохтмони нақб ба таври шоиста таъмин нест... [ниг.: 7, с. 127-128]

Ӯ аз андеша мегузаронд, ки сохтмони нақби Анзоб аз моҳи феврали соли 1982 шурӯъ гардида буд. Аз оғози сохтмон чор сол сипарӣ шуда бошад ҳам, пешрафти кор мувофиқи мақсад нест. Ҳол он ки ин сохтмони ниҳоят муҳим мебошаду ба истифода додани он ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фоидаи зиёд меорад. Ҳатто роҳи дувоздаҳкилометрае, ки аз паҳлуи Нови Матек гузашта, то дарвозаи нақб меравад, ҳанӯз бунёд нашудааст. Экскаватору булдозерҳое, ки барои бунёди ин роҳ овардаанд, аз нарасидани қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ дар зери барфу борон бекор мехобанд. Аз ҳама аҷоиб он аст, ки дар деҳаи Зимарг хати интиқоли барқ вуҷуд надорад, аммо ба ин ҷо экскаватори барқӣ овардаанд. Ин машинаи пуриқтидор низ дар зери барфу борон занг зада хобидааст. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва фарҳангию маишие, ки дар деҳаи Зимарг барои истироҳату фароғати коргарони нақб сохта мешуданд, аз нарасидани масолеҳи сохтмонӣ то ҳанӯз бунёд нагардидаанд.

пешина
аз 263
навбатӣ