Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамон чор бех ниҳоли аввалин ҳоло ҳам сарсабзу хуррам аст, соле ҳар як бех аз ҳаштсад то ҳазор дона лиму медиҳад. Боре яке аз ҳамин лимуҳо ҳазору сесаду чил дона мева баста буд. Ниҳолони нахустин ана ҳамин хел пурмар баромаданд.» (1.332)

Ҷумлаи зерини адиб «имрӯз дар ҷумҳуриямон бештар аз 150 гектар лимузор мавҷуд аст, ки 145,7 гектари он дар водии Вахш доман паҳн кардааст» (1.347) худ ба худ як корнамоии олими ҳалолкорро нишон медиҳад, ки бо дилу нияти покаш водии Вахшро ба маконии лимуи бемисл табдил додааст. Ҳамин аст, корномаи ин қаҳрамон.

Аз як силсила очеркҳои «Хӯшаҳо аз киштаҳо» бармеояд, ки нависанда Бахтиёр Муртазо дар тамоми давраи фаъолияти эҷодии хеш ба зиндагӣ ва кору бори зиёиён диққати хоса дода, дар бораи онҳо очеркҳо, мусоҳибаҳо, тафсирҳо, мақолаҳо навишта, симои маънавии онҳоро нишон додааст. Вай гуфтааст, аниқтараш нишон додааст, ки ҷомеа бо фарзандони соҳибкасб, мутахассис ва зиёӣ симои ҳақиқии худро пайдо мекунад. Рӯҳи миллат дар ҳалди зиёияти фарзандони вай ифода меёбад. Натиҷаи меҳнати деҳқону коргар рӯзӣ аст, маҳсули заҳмати зиёӣ устувории рӯзгор мебошад. Ба ин маънӣ асарҳои дар китоб ҷойдодашудае чун «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ», «Тулӯи хуршед аз Дарвоз» (мусоҳибае бо М.Қаноат), «Зиҳӣ дастони дармонбахш» (очерк дар бораи Аслиддин Осимӣ), «Суруди зиндагӣ» (мусоҳиба бо Рустами Абдураҳим), «Ман он лаҳза биосоям, ки як лаҳза наосоям» (мусоҳиба бо шахсе, ки ҳафтод сол муаллимӣ кардааст), «Сухангустари дарёдил» (очерк дар бораи нависанда, устод М.Наҷмиддинов) бозгӯяндаи рӯҳи мардуми тоҷик мебошанд. Аз силсилаи матолиб дар бораи ин гурӯҳи эҷодкорон таваҷҷуҳро ба نوشتهҳо дар хусуси духтур, олим, дорандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино Бӯрӣ Музаффарович Нурхонов - «Чароғи равшани

пешина
аз 263
навбатӣ