Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Вишти онро аниқу дақиқ намедонистем.
Ман очерки Бахтиёрро, ки бо камоли забондонӣ навишта шуда буд, сатр ба сатр мехондаму ҳамроҳи ӯ савори киштӣ рӯ-рӯйи мавҷҳои булӯрини Байкал ба саёҳат мебаромадам, ба анбӯҳи дарахтон ошиқона назар меафкандам, ба хониши мурғони гуногун гӯш медодам, мафтун мешудам.
«Пош хӯрдани қатраҳои обро дида, ба хотири кас шарораҳои чархи оҳангар мерасад. Аз чархи оҳангар ҳам ба ду тараф шарораҳо пош мехӯранд. Фарқи миёни инҳо фақат дар он аст, ки шарораҳо ҳамчун зар сурх ҳастанду қатраҳои об монандӣ сим сафед...»
Ин тасвирро адиб ҳангоми савори киштии «Ракета» ба тамошои Байкал рафтанаш мушоҳида кардааст. Ман ҳам гӯё бо ӯ ҳамсафар ҳастам.
Ана, аз дур дарае намудор мешавад. Бахтиёр аз дурии дур бо сатрҳои офаридааш дар гӯши ман мегӯяд:
«Ин дараҳо ба қасрҳои афсонавӣ тамоман монанд ҳастанд. Дар ин ҷо сил не, аз тахтасангҳои суфтаю салис ҳазорҳо дар мавҷуданд, ки ҳама ба мисли дарвозаҳои Алӣ-бобо пӯшидаанд: Сангҳои дароз-дарозе, ки ба дастони эҷодкори табиат тарошида шудаанд, ба ҳамон ҷилсутуну ҳазорсутунҳо шабеҳӣ доранд».
- Ба фарши ин қасрҳо назар афкан, - гӯё ба ман мегӯяд муаллиф.
Сабзаву себаргаҳо, гулу райхон ва сунбулу займурон ба ҷойи қолинҳои зебо мебошанд.
«Шадда-шадда меваҳои дарахтонаш ҳамчун шилшилаҳои сақфу шифтҳо ва дару дарвозаҳои кохҳои қадимӣ ҷилвагар аст».
Ва ман дар хобгоҳи кӯчаи Айнии Душанбе, дур аз Байкал сар боло мекунаму он шаддаҳоро дидан мехоҳам...
Чаро ин манзараҳоро ҳамроҳи он эҳсосоте, ки доштам, баъди тақрибан ним аср ба ёд меорам? Барои он ки ҳунар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё