Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Хел мешавад, ки «таҳҳавулоти таърихӣ, зиддиятҳо, раванди ҳаллу фасли онҳоро» (Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт, саҳ. 5) бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои замони нав ва воқеияти марҳалаи муайяни таърихӣ ифода карда метавонад.

Образҳои дигари роман ҳам аз ин ё он ҷиҳат ҷолиб ҳастанд. Масалан, мо дар бораи Муллораҳим Аслиддин, ки дар баъзе воқеоти роман нақш дорад, нақлҳои зиёд шунидаем. Бино бар тасвири нависанда, муносибати ин раис ба сохтмонии нақб тарзе буд, ки «гӯё нақби Анзоб сохтмони шахсияш бошад». Дар ҳақиқат, зиндагӣ ва кори ин марди кордон сазовори ибрат аст, шахсиятест, ки дар борааш бояд нависанд. Ба як сухан, ҳамаи шахсиятҳои тасвиркардаи нависанда, ки ба сохтмони нақбҳо алоқа доранд, дар шуғли худ содиқ ва меҳнатдӯст ҳастанд, бинобар ин, дар симои онҳо тарғиби касбу ҳунарро дар миёни ҷавонон ба роҳ мондан мумкин аст.

Гузашта аз шахсиятҳои достонӣ, ки чеҳраофариниро дар симои онҳо зарурати тасвири бадеӣ талаб мекунад, нависанда ашхосеро, ки аз ҷиҳатҳои гуногун дар сохтмони нақб саҳм гузоштаанд, ном ба ном ёд мекунад ва қадрашонро мешиносад.

Роман бо тасвири саҳнаҳое аз воқеияти сангини зиндагии кӯҳистониён оғоз мешавад, ки, аз як ҷониб, бозгӯи зиндагии пурмашаққат, вале бомарому мақсаднок бошад, аз ҷониби дигар, бо мақсади намоёнидани чеҳраи шахсияти асосии асар — Мафтун лаҳзаҳое аз зиндагии вай дар муҳити деҳа ба риштаи тасвир кашида шудааст. Дар сатрҳои баъдӣ зина ба зина тасвири камолоти ҷисмонию рӯҳонии Мафтун берун аз муҳити деҳа ва ҳангоми кор дар сохтмонҳои бузург мавқеи асосӣ пайдо мекунад ва ҳамин тавр то охири роман хатти муҳими сужа ба фаъолияти шахсияти авосӣ дар ҳамбастагӣ бо дӯстонаш ва муҳит гиреҳ мехӯрад. Нависанда бо таваҷҷуҳ ба камолоти шахсӣ ва фаъолияти созандаи шахсияти асосии асар ба масъалаҳои зиёди ди-

пешина
аз 263
навбатӣ