Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

САНГИМУРОД ШАРИФОВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент,
устоди муассисаи давлатии таълимии
Донишгоҳи давлатии Бохтар
ба номи Носири Хусрав

Нависандаи шинохтаи тоҷик Бахтиёр Муртазо ҳамкори доимии маҷаллаи «Садои Шарқ» мебошад. Маҳз дар саҳифаҳои ҳамин маҷалла очеркҳои беҳтарини проблемавии ӯ: «Дашт обро интизор», «Роҳи дилҳо», «Родмарди ҷонфидо», «Хонаи дарё», «Қиссаи зардолуи орифӣ ва як вагон пахта», «Чашмаҷон», «Нури ҷовидони зузанаб», «Дар он боге, ки мургонаш наҳӯсанд», «Падари халқ», «Ҳикмати ҷомаи саркор», «Чанорҳои ёдбуд», «Аввалин бригадаи бетонрезони Роғун», «Аз осиёб то неругоҳ», «Садди сойи Оби Шӯр»
ва ғайра чоп гашта, аз ҷониби хонандагон ва ноқидон хуш пазируфта шудаанд. Дӯстдорони каломи бадеъ тавассути нашрияи мазкур бо қиссаҳои «Одами ҷавҳардор», «Ман чароғ афрӯхтам», «Чашмаи офтоб» ва романи мустанади «Нақби Истиқлол»-и Бахтиёр Муртазо, инчунин тарҷумаҳои анҷомдодаи ӯ — романи «Сурх ва сиёҳ»-и нависандаи бузурги фаронсавӣ Стендал, китоби «Садбарги зарин»-и адиби машҳури рус Константин Паустовский, қиссаи «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов ва ғайраҳо шиносӣ пайдо намудаанд.

Ҷойи зикр аст, ки Бахтиёр Муртазо дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» солҳо ифои вазифа намуда, бахши иҷтимоиёти онро сарварӣ дошт ва дар ин ҷода як теъдод шогирдони худро низ ба камол расондааст.

Имрӯз мо муаллифи фаъоли худро бо 80-солагии мавлудаш самимона муборакбод гуфта, пеш аз ҳама барои ӯ саломатии бардавом ва пирӯзиҳои эҷодӣ таманно дорем.

Идора

пешина
аз 263
навбатӣ