Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳой, пойлучҳо! Дар гӯш ҳалқа карда гиред, ки муқовимат ба мо мушт ба дарафш задан аст! Ё ба хубӣ таслим мешавед ё аз сесола болоро гардан мезанем! Ана, як ҳофизҷатона лаб-лаби дарё қапида овардем...

— Гуреҳтанӣ буд оқипадар! — об дод сухани саркардаро Ғаюр.

— Ай гуноҳаш гузарен... — ашк дар чашмон пеш баромад мӯйсафеде, ки ҳофизро мешинохт. — Ӯ лаби дарё тамошо рафта буд.

— Пуштӣ нагир, пири аҳмақ! Аз миёни дарё баҳоле доштему ту пат-пат дорӣ! — дурӯғ гуфт Фузайл. — Пайванде, овозрасе дорад, барояд, ки дар ҳамин ҷо мепарронемаш!

— Ку хонаводаи Қарими Шуш?!

Аҳли байти ҳофиз аз ҳавлии ҷон мӯҳри лаб зада, сукут ихтиёр карданд. Нигоҳҳо ишонро ба майдон мехонд. Писараке мӯйсафедро оҷиз дида, рост ба тарафи саркардаи саворон давид ва дар пойи аспаш афтода ба зорӣ гуфт:

— Бобоҷонма накуш... Гуноҳ надора. Дастойи бобома кушо. Ӯ хушрӯ мехона, кавг ворӣ...

Аспи сармаст писаракро бӯй кашида ором гирифт. Парайи рӯяшро ба сару тани писарак молида, ёл афшонд. Соҳиби тундхӯ аз ин ҳаракоти ҷонвари безабон маъние бардошт, ки фармуд дастони ҳофизро бикшоянд. Ба рагу пайи марди пир хун давид, аммо пайи дандонҳояш дар чӯби хушки зардолугини дутораш монда буд. Писарак гарду чанги челаки рах-рахи боборо афшонд. Аммо сиёсату ҳамҳамаи Фузайл аз канори мӯйсафед дураш андохт. Судаш накард гиря. Хонаводаи ҳофиз ашк мерехт, ки аз умри пуразоби пирамард нафасҳои вопасин мондааст, видоъаш тану ҷонро месӯзонд. Серӣ бибинандаш, ки меравад. Агар думбурааш бишкананд, э вой...

— Ҳофиз! — ғуррунгид пештози саворон лаҷоми аспро

пешина
аз 139
навбатӣ