Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

садои ҳофизро шунида буд, ҳолиё намешинохташ. Раҳораҳ афтодаву хеста, дум-думи асп кашола-кашола, сару рӯяш сиёҳу кабуд, бечора ҳолате дошт Карим.

Суворонро дида гурехтанд кӯдакон. Пештози аспакиҳо аз нахустодаме, ки вохӯрд суол кард:

— Ҳаст одамӣ, ки хонад фалакӣ?!

— Дорем.

— Кист ӯ?!

— Қарими Шуш.

— Чӣ лақабе?!

— Аҷаб не, шуши калон доштааст, — хандида гуфт раҳгузар.

— Ин думбрабадаҳона мешиносӣ?!

— Ку, фукта чух бигир!

— Ба Худо, мара сар диҳен, мегӯм.

— Гап зан, туро ҷавоб метием.

— Хонам ҳаром, Қарими Шушаш ҳамин! — кӯсариши чашмтанг ба ҳофиз теғи нигоҳ кашида, ҷонашро халос карду гурехт.

— Шунидӣ, Ғаюр?! Гуфтам: «Худозада Каримай» наҳам задӣ, — пештози суворон чуқур нафас кашида, лабонаш турш, нӯмоя фахр кард.

Ҳофизро ҳамон сон думбура зери дандон, пешандоз ба дарунтари Баҳманрӯд бурданд суворон. Гап-гапи дастгир овардани Қарими Шуш кайҳо ба дуру наздик печида, тамошоғаҳ шуда буд деҳа. Пайи ҳам меомаданд ҳаводорони ҳофиз. Хиёлашон фалакӣ мехонад, базм меорояду Баҳманрӯд аз овозаш замзама мегирад. Ҳамагон дар оҳангаш мечарханду менозанд. Афсӯс, ин бор тут ба муроди дилашон напухт. Ҳофиз саркашолу маъюс омада буд. Суворон мардуми ҷамъро нӯк-нӯки камон бероҳа мекарданд. Наздикони ҳофизро лабкушоӣ намемонданд. Фузайл валваларо ба як тири ҳавой фурӯ нишонда, тозиёнаро қат карда гуфт:

пешина
аз 139
навбатӣ